Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ бархе аз нукотеро, ки дар гузоришҳои дарёфткардаи WikiLeaks нашр шудаанд, носаҳеҳ ва бархи дигарро бофтаи тахайюл номидааст. Генерал Абдулло Назаров иттилооти паҳнкардаи WikiLeaks-ро дуруст шуморид.

Вале оё раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ ба чӣ назар аст?

Кабирӣ: "Назари ман дар мавриди Викиликс ин аст, ки номаҳои нашркардаи ин сомона дурустанд ва фикр накунам, ки чизеро кам ё зиёд карда бошанд. Навиштаҳое, ки аз тарафи Викиликс дар бораи кормандони масъули ин ё он ниҳод ё дар бораи шахсони алоҳида ба нашр мерасонанд дақиқ аст. Қаблан медонистам, ки Wikileaks аз сӯҳбатҳои ман низ гузориш ба нашр мерасонад. Аз Сафорати Амрико дар тоҷикистон ба ман занг заданд, ки дар миёни 600 санаде, ки дар бораи Тоҷикистон ба нашр хоҳад расид, сӯҳбатҳои шумо ҳам ҳастанд. Аз ин рӯ ман интизор будам. Тақрибан чаҳор рӯз қабл дар Туркия будам ва дар ҳамонҷо ин гузоришро ба забони англисӣ хондам."

Озодӣ:
Бино бар ин гузориш Шумо гӯё зикр кардаед, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи демократия зиёд ҳарф мезананд, аммо дар амал демократияро хатаре ба қудрати худ мешуморанд ва ба саркӯб кардани он даст мезананд. Шумо воқеан чунин гуфтаед?

Кабирӣ: "Бале он нукотеро, ки дар онҷо гуфтаем, ҳоло ҳам мегӯем. Ва ин сирри пӯшидае ҳам нест. Кишварҳои ҷаҳони сеюм ин мушкилро доранд. Ҳамеша аз вуҷуди демократия дар кишварҳои худ ҳарф мезананд, номи кишварҳои худро бо демократия унвонгузорӣ мекунанд ,ҳизбҳои худро демократӣ ном мебаранд, вале бо ин шакли демократихоҳӣ танҳо хок ба чашми мардуми худ мезананд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон кӯшишҳое дар роҳи демократия ба назар мерасад ,аммо ин на ба он ҳадде аст, ки мо гӯем,ки Тоҷикистон як кишвар демократист."

Озодӣ:
Ҷаноби Кабирӣ, Шумо дар сӯҳбат бо сафири пешини ИМА дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд гуфтаед, ҳарос доред, ки ҳукумати Тоҷикистон то рафт худкома мешавад.

Кабирӣ: "Бубинед, ин огоҳиро мо панҷ сол пеш дода будем ва эҳсос мешуд, ки масири Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи миёна ба ҳамин самт рафта истодаанд. Дигар ташкилотҳои сиёси ва сиёсатмадорони имрӯз ҳам ба ин нукта таъкид мекунанд, ки мутаассифона, Тоҷикистон вориди марҳалаи авторитарӣ ва худкомагӣ шуда истодааст. Ва ҳукумати Тоҷикистон ин шонсро дорад, ки аз ин роҳ баргарадад. Танҳо бо як ислоҳоти фарогир дар сохтори давлатӣ дар усулҳои идороти давлатӣ. Вале агар ин фурсатро ҳукумати Тоҷикистон аз даст бидиҳад ва он ба марҳилаи бебозгашт бирасад онгоҳ мешавад бонги хатар зад."

Озодӣ: Сафир ба нақл аз сиёсатмадорони дигар гуфтааст, Раҳмонов тавонист, Нуриро (Сайид Абдулоҳи Нурӣ) зери назорат бигирад. Аммо бо Кабирӣ чунин равобит надорад ва аз дидорҳои ӯ бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст. Назари Шумо чист?

Кабирӣ:
"Ба ростӣ, ин шарҳи ҷаноби сафир аст. Вале ҳаминро мегӯям, ки шинохти эшон аз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дуруст нест, зеро устод як шахсияти бисёр мустақил буданд ва дорои сиёсати мустақил буданд ва ҳеҷ гоҳ зери бори касе нарафта буданд. Ва азбаски устод бисёр марди мӯътадил ва ботавозун буданд ва ин ки аз роҳи молӣ эшонро таҳти таъсир қарор дода бошанд, нодуруст аст."

Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, Шумо пайваста ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунед ва оё мақомоти Тоҷикистон садди роҳи Шумо шудаанд ва бароятон мумониат эҷод кардаанд?

Кабирӣ: "На, то ба ҳол чунин амал сурат нагирифтааст, ки ба таври расмӣ аз кадом сафари ман ба хориҷ ҷилавгирӣ шуда бошад, вале маслиҳат доданҳо ҳаст. Албатта, фикр мекунам, ки сафарҳои зиёди банда барои баъзе доираҳо маъқул набошад, вале ин як амри табиӣ ҳаст ва ба ҳайси раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сиёсатшинос даъват мешавем."

Озодӣ:
Шумо кай ва дар кадом сол бо сафири Амрико сӯҳбат доштед ва дар кадом шароит? Дар паси дарҳои баста ё дар ҳузури намояндагони алоҳида?

Кабирӣ: "Медонед, дақиқан дар ёдам нест, ки дар сафорати Амрико мулоқот кардам ё дар қароргоҳи ҳизб, вале як нукта дар ёдам ҳаст, ки дар сӯҳбати мо намоянадагони сафорати Амрико ва ходимони ҳизби наҳзати исломӣ ҳзузур доштанд. Ин сӯҳбат 6 сол қабл сурат гирифта буд."

Озодӣ: Ҳоло ки 6 сол гузаштааст, назаратон ба он масъалаҳо тағйире кардааст? Агар ин сӯҳбат ҳоло мешуд, чиҳо мегуфтед?

Кабирӣ:
"Айнан ҳамон нуктаҳоро хоҳам гуфт, зеро агар тағйири мусбате пеш меомад, мегуфтам, ки беҳтар шудааст. Ҳеҷ тағйире дар мавқеъгирии мо дар баҳо додан ба вазъият пеш нахоҳад омад ва ҳар кас ҷавобгӯи ҳарфҳояш дар ҳама ҳолат ва мавқеъ бошад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG