Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои Сӯҳроб Шарипов


Сӯҳроб Шарипов хатмкунандаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов аст. Соли 1994 рисолаи номзадиро таҳти унвони «Имконият ва маҳдудияти озодӣ» ва дар соли 2001 рисолаи докториро бо номи «Омилҳои сиёсӣ рушдӣ демократия дар Тоҷикистони муосир» ҳимоя кардааст.

Аз солҳои 1993 то 1998 ба ҳайси корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав фаъолият намудааст.

Соли 1998 Сӯҳроб Шарипов мудири шуъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин шуд.

Муддате дар Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ифои вазифа кардаст. Аз соли 2005 вазифаи раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG