Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Соли 1975 риштаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кориро дар мактаби миёна шурӯъ намуда, солҳои баъдӣ дар нашриёти «Ирфон» ва Радиои Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Солҳои 1993 ӯ фаъолиятро дар ниҳодҳои давлатӣ оғоз карда, то соли 2005 вазифаҳои мухталифро дар Шӯрои Вазирон, Вазорати фарҳанг ва ҳукумати шаҳри Душанбе иҷро намудааст.

Аз декабри 2006 то имрӯз Вазири фарҳанги Тоҷикистон аст.

Мирзошоҳрух Асрорӣ дар гуфтугӯи мустақими торнамои Озодӣ зуҳри рӯзи 4-уми ноябр ширкат кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG