Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои Рустам Назаров ба суолҳои хонандагон


Рустам Назаров, оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон
Рустам Назаров, оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров 28 феврали соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Мактаби олии милитсияи ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ воқеъ дар шаҳри Омскро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз соли 1980 оғоз карда, дар вазифаи ваколатдори фаврӣ, ваколатдори калони фаврӣ, сардори зершӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1985 то соли 1992 дар вазифаҳои ҷонишин ва сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, аз соли 1992 то соли 1995 ҷонишини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва аз соли 1995 то соли 1996 ҷонишини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1996-1999 Раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар ва аз соли 1999 lиректори Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон буд.

Аз 30 январи соли 2004 то 09 августи соли 2004 ҷонишини аввали раиси Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, аз 09 августи соли 2004 бо Фармони президенти Тоҷикистон аз нав директори Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон таъин гардид.

Солҳои 1990-1995 депутати халқии Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Дар давоми фаъолияти корӣ бо “Ситораи Сурх” (1993), “Спитамен” дараҷаи I (2001), медалҳои “Барои хизмати шоён” дараҷаҳои 1,2,3 (1986, 1991, 1996) ва Ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад.
XS
SM
MD
LG