Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба аксари кулли суолҳои хонандагони Озодӣ, ки то анҷоми сӯҳбати он-лайн ворид шуданд, посух дод.

Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, яке аз собиқ раҳбарони Иттиҳоди мухолифон ва ҳайати музокиракунандаи сулҳи тоҷикон, собиқ қозикалони кишвар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар солҳои 1998-2005 ноиби сарвазири Тоҷикистон буд, бо вуҷуди он ки солҳои охир аз ширкати мустақим дар сиёсат худдорӣ мекунад, дар робита ба ин ё он рӯйдод пайваста номи ӯ сари забонҳо меафтад. Тарафдоронаш ӯро аз афроди арзанда ва саршиноси кишвар мешуморанд ва хостори бозгашташ ба сиёсати бузурганд, мухолифонаш ӯро дар қатори бисёре аз сиёсатмадорон дар бурузи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гунаҳкор медонанд. Аммо ҳарду тараф низ чандин пешниҳоди Тӯраҷонзодаро дар масъалаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динию ахлоқӣ пуштибонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG