Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухҳои Марҳабо Ҷабборова, вакили мардумӣ


Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи парлумон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон

Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи парлумон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон

Марҳабо Ҷабборова соли 1958 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Ленинободро бо тахассуси муаллими забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Баъд аз хатми донишкада дар соли 1980 то соли 2001 дар якчанд муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд (он замон Ленинобод), Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, ба ҳайси омӯзгор ифои вазифа кардааст.

Солҳои 2001-2003 ҳамчун ноиби ректори Донишгоҳи славянии Русия- Тоҷикистон оид ба илм ва солҳои 2003-2010 - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст.

Аз 16 марти соли 2010 ин ҷониб вакили парлумон ва раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.

Доктори илми филология ва профессор мебошад. Бо мукофотҳои давлатии «Ордени Шараф дараҷаи I», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Вазоратҳои фарҳанг ва маориф сарфароз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG