Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати онлайн бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон


Додихудо Саймуддинов аз лаҳзаи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон дар поизи соли 2009, раёсати ин кумитаро бар ӯҳда дорад. Кумитаи забон ва истилоҳот, баъди қабули Қонуни нави забони давлатӣ бунёд гузошта шуд ва таъмини иҷрои ин қонун аз масъулияти муҳими он мебошад.

Додихудо Саймуддинов, узви вобастаи Фарҳангистони улум, то нишастан ба раёсати Кумитаи забони назди ҳукумат, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва баъд аз он ҳам вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси кумитаи илму фарҳанг дар порлумони Тоҷикистон буд.

Додихудо Саймуддинов дар гуфтугӯи мустақими Радиои Озодӣ, ки рӯзи 3-юми сентябр сурат гирифт, ширкат кард ва ба ҳудуди 100 суоли хонандагон посух дод.
XS
SM
MD
LG