Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи додгоҳии ҳамзамон панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон, ки як амри бесобиқа унвон мешавад, боиси сару садо, вокунишҳои мухталиф ва изҳори нигаронии созмонҳои байналмилале мисли САҲА ва ҳатто кишваре назири ИМА шудааст. Ба бовари созмонҳои дифоъ аз ҳаққи хабарнигорон, ин вазъият фишоре ба матбуот аст. Аммо мақомоти сиёсии Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин қазия хомӯширо интизор кардаанд. Бо ин вуҷуд, ки мақомоти додгоҳӣ муҳокимаи додгоҳии “Азия плюс”, “Озодагон”, “Фараж” ва “Миллат”-ро аз сар хоҳанд гирифт. Ҳамин тавр, хабарнигорони тоҷик ба ҷои омодагӣ аз таҷлили рӯзи матбуот дар 11-уми март, бояд ба муҳокимаҳои додгоҳӣ омода шаванд. Ба назари шумо нашрияҳои мустақилро чӣ сарнавиште интизор хоҳад буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG