Пайвандҳои дастрасӣ

Шарифҷон Раҳимзодa аз 28-уми январи соли 2008, яъне муддати нисбатан кӯтоҳест, ки ба Бонки Миллии Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Аммо дар ҳамин давра, ба назар мерасад, фаъолияти БМТ бо як ислоҳоти муҳим рӯбарӯ гашт. Маълумоти густардае дар бораи кори бонки миллӣ дар ҳифзи қурби пули миллӣ ва пуштибонӣ аз низоми бонкдории кишвар мунташир гашт. Ҳамзамон натиҷаҳои аудити байнулмилалӣ камбудиҳои ҷиддиеро дар кори БМТ дар давраи пеш аз оғози кори ҷаноби Раҳимзода ошкор намуд ва ҳам ин давраи мушкиле буд, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ ба қурби пули миллӣ асар гузошт.

Вазъи феълии Бонки Миллии Тоҷикистон чӣ гунааст? Таъсири он ба вазъи молиявӣ ва иқтисодии кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Камбудиҳео, ки бозрасии байнулмилалӣ ошкор кард, чӣ тавр ислоҳ карда мешаванд? Қурби сомонӣ ҳамин гуна хоҳад монд ё коҳиши бештар хоҳад ёфт?

Инҳо пурсишҳое ҳастанд, ки бисёриҳоро ба ташвиш меоранд. Шарифҷон Раҳимзода изҳори омодагӣ кард, ки рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр аз соати 15:00 то 17:00 ба вақти Душанбе меҳмони сомонаи мо бошад ва дар Гуфтугӯи мустақими интернетӣ ба саволҳои Шумо посух диҳад.

Шумо метавонед, саволҳои худро аз ҳоло ин ҷо бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG