Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” шумораи парвози худ ба Эронро ба ҳафтае як маротиба коҳиш додааст.

То кунун ин ширкат ҳар ҳафта ба ду шаҳри бузурги Эрон Теҳрон ва Машҳад рӯзҳои шанбе ва сешанбе парвоз анҷом медод.

Масъулини ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мегӯянд, ин тасмим ба далели коҳиши теъдоди мусофирон ва ворид шудани зарари молӣ ба буҷаи «Тоҷик эйр» гирифта шудааст.

Коҳиши парвозҳо ба Теҳрон

Ахиран гуфта шудааст, ки коҳиши теъдоди парвозҳои Душанбе - Теҳрон боиси ба таъхир уфтодани сафари муовини раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи масъулини сафорати Эрон дар Душанбе, Ҳомиди Бақоӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон қарор буд ҳафтаи гузашта ба Душанбе меомад ва даъвати Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ширкат дар ҷашни Наврӯзи соли 2011 дар Шероз месупурд. Вале агар оқои Бақоӣ дар замони тайиншуда вориди Душанбе мешуд, дар сурате, ки парвози рӯзи шанбеи «Тоҷикэйр» лағв шудааст, маҷбур буд чаҳор рӯз дар Душанбе бимонад. Аз ин хотир барномаи сафари муовини раиси ҷумҳури Эрон тағйир кардааст.

"Дар зимистон мусофирон кам мешаванд"

Ширкати эронии ҳавопаймоии «Осмон» низ ҳафтае ду маротиба аз Машҳад ва Теҳрон ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад. Масъулини ин ширкат дар Душанбе мегӯянд, кам шудани мусофирон дар фасли зимистон як амри табиист, ки ҳамасола пеш меояд. Аммо ширкати «Осмон» бо вуҷуди дучор шудан ба чунин масъала, тасмими коҳиши теъдоди парвозоро нагирифтааст.

Ҳасани Муҳаммадӣ, намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Осмон» мегӯяд: «Мо ба қавли маъруф вақте чунин ҳолат пеш мояд, бояд таҳамул кунем. Аз мо ҳам теъдоди мусофирон кам шудааст. Аммо мо парвозҳоро кам накардем. Ин ҳам дар ҳолест, ки қиммати парвозҳои мо рафту баргашт 398 долар аст, камтар аз «Тоҷикэйр» ва он ҳам дар ҳоле, ки "Тоҷикэйр" дар Эрон як тонна сӯхтро 800 доллар мегирад, вале ҳавопаймои мо дар ин ҷо 1500 доллар як тонна сӯхтро харидорӣ мекунад. Аз мусофироне, ки мехоҳанд аз ин ҷо Эрон бираванд, 39 доллар мегиранд, дар ҳоле, ки дар Эрон ягон доллар барои ин намесупоранд. Ба ҳар ҳол фикр мекунам, баъди Наврӯз парвозҳои "Тоҷикэйр" аз сар гирифта шавад».

"Тоҷикэйр" дар ҳоле аз коҳиши шумори мусофирон ва алоқамандони парвоз тавассути ҳавопаймоҳои худ ба Эрон шикоят мекунад, ки қиммати билетҳои он ба ба сурати қобили мулоҳиза назар ба қиммати билети ширкати «Осмон» дар ҳамин масир гаронтар аст. Қимати парвози «Осмон» 390 долар ва қиммати билети «Тоҷикэйр» бештар аз 500 долар аст. Ва табиист, ки дар чунин ҳолат мусофирон парвозҳои арзонтари «Осмон»-ро назар ба «Тоҷикэйр» тарҷеҳ медиҳанд.

Коҳиши теъдоди парвозҳо ба Эрон, ба таъхир афтодани сафари муовини раиси ҷумҳури он кишвар ба Душанбе, бастани дари мадрасаи эронӣ дар Душанбе ба рӯи кӯдакони тоҷик ва ҷилавгирӣ аз сафари устодони забони форсии Тоҷикистон ба Эрон ба баҳонаи нигаронӣ аз афзоиши тамоюли мазҳабгароӣ, рӯиҳамрафта ин баҳонаро ба коршиносон додааст, ки ба тағйире дар робитаҳои ду ҷониб, ҳоло ба ҳар далеле, ки бошад, биандешанд.

Тоҷикистон ва Эрон ба ҳам ниёз доранд

Аммо коршиносон мегӯянд, дар шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифтааст, ҳар гуна сардии равобит бо Эрон танҳо бар зиёни ҷониби Тоҷикистон аст. Давлат Усмон, вазири пешин дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳарорат ҳамеша як хел намемонад, гоҳо бисёр гарм мешавад, гоҳо муътадил ва гоҳо сард мешавад, ин як амри табиист, аз ҷумла дар робитаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ низ. Аммо Тоҷикистон ба Эрон ниёз дорад ва ҳамчунин баръакс. Ва ман фикр намекунам, дар шароите, ки Тоҷикистон қарор дорад, роҳбарияти сиёсии кишвар бихоҳад робитаҳоро бо Эрон дучори мушкил кунад».

Тоҷикистон ахиран теъдоде аз донишҷӯёни худро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ, аз ҷумла аз Эрон бозпас овард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар тирамоҳи гузашта гуфта буд, ки аксари ин мадрасаҳо террорист ва ифротгаро омода мекунанд ва ҷавонони тоҷик бояд аз ин мардрасаҳо бозпас оварда шавад.

Бархе дигар коршиносон ҳатто аз тағйире роҳбурдӣ дар сиёсати Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи ин коршиносон, ҳукумати Тоҷикистон таваққӯъ дошт, ки бо беҳдуд бахшидани робита бо кишварҳои исломӣ, сармояи онҳоро ҷалб хоҳад карад. Аммо ин ҳисоби гузоштааш ғалат баромадааст.

Агарчанд мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши исломгароҳо нигаронанд, дар раддаҳои давлат мақомоти эронситез дасти дароз доранд ва густариши равобит бо Эронро ба ҳар баҳонае хуш надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, боз ҳам мақомоти сиёсии Тоҷикистон низоми ҳокими Эронро муҳимтарин пуштибон дар таъмини бақои қудратӣ худ мебинанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG