Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардҳои "даъватӣ"-и занони пулдор


Мардикорбозори Қӯрғонтеппа
Мардикорбозори Қӯрғонтеппа

Чунин ба назар мерасад, ки дар Хатлон танфурӯшии мардон ҳам ба як бизнес табдил ёфтааст. Аксари муштариёни «фоҳишaмардон» занони сарватманд ва ҳатто гоҳе мансабдори давлатӣ будаанд…

Вақте мехостам, аз ҳаёти сахту рӯзҳои талхи мардикорон матлабе нависам, аз доноён ҷои ҷамъомади онҳоро пурсидам. Маълум шуд, «мардикорбозор» дар назди бозори марказии Қӯрғонтеппа, дар рӯбарӯи шӯъбаи маорифи шаҳр воқеъ будааст.

Онҳое, ки ҳар субҳ ин ҷо меоянд, интизори кордеҳон менишинанд ва ҳама кори фармоиширо иҷро мекунанд, хоҳ боркашонӣ бошаду хоҳ таъмири хона ё побели замин. Онҳо дар Қӯрғонтеппа села-села шуда, дар як хона иҷорашинӣ мекунанд, бархеҳо умуман мисли «бомж» бехонаву дар ҳастанду рӯзашонро дар анборҳо пушти сар мекунанд.

Дастмузди рӯзонаашонро ҳар хел арзёбӣ мекунанд, гоҳе аз 15 то 30 сомонӣ, агар рӯзи бобарор бошад, то 50-60 сомонӣ ҳам музд мегиранд. Аммо гоҳе ҳафтаҳо ҳам бекор мемонанду бепул ва гурусна.

Аммо дар миёни мардикорон бо 2 ҷавоне вохӯрдам, ки вазифаи онҳо на иҷрои «корҳои сиёҳ»-у аробакашист, балки онгуна ки худашон мегӯянд, «хизматеро мекунем, ки ҳам ба худамон хуш асту ҳам дигаронро хушвақт мекунад!»

Онҳо «фоҳишамард» ҳастанд. Онҳо ба занони дорову нозпарварду пулмаст хадамоти ҷинсӣ ва маҳрамона мерасонанд.

Далер (номи мустаори яке аз онҳо) 25 сол дошта, як сол пеш бо қасди мардикорӣ аз ноҳияи дурдасти Ховалинг ба Қӯрғонтеппа омадааст. Оиладор нест. Хушқомат ва хушсимост. Мегӯяд, таҷрибаи аввалини «фоҳишамард»-иашро тобистони гузашта «андӯхтааст».

"Як зани хушсарулибоси бовиқори ба назар мансабдор, аз мошинаш поин шуда, ба мардикорон каме наздик шуду ҳамаро бодиққат назар кард. Аз ӯ пурсидем, ки чӣ хизмат кунем: бор кашонем, ё хонаашро таъмир кунем ё замин дораду бояд побелу киштукор кард? Гуфт, ки ба вай як ҷавони қавипайкару чолок лозим аст," -- ба ёд меорад Далер. – "Мо ҳама ба вай наздик омада, хизмати худро пешниҳод кардем, гуфтем, ки корашро арзонтар иҷро мекунем. Вай зан аз наздикшавии мо ба сӯяш парҳез карду ба ман нигоҳ карда, суол дод: «Чӣ кор аз дастат меояд, бачаи хушрӯ?» Гуфтам, ки ҳама кор. Пули нағз бошад, шабу рӯз хизмат мекунем (чунки ба ман он рӯзҳо ёфтани маблағ барои ҷарроҳии модарам муҳим буд)"…

Ҳамин тавр, Далер бо як «абрӯпарронӣ»-и хонуми бовиқор ба мошинаш нишасту сабукрав аз мардикорбозор берун шуд. Мардикорони дигар аз пушти мошини он зан бо чашми ҳасаду ҳавас менигаристанд.

Ба гуфтаи Далер, хонуми «кордеҳ»-аш воқеан, як ходими давлатӣ, аммо зани бешавҳар будааст. Далерро «наранҷонидааст» ва бар ивази хизмати ҳамагӣ якшабааш пули хуб ҳам додааст. 100 сомониро Далер дар як ҳафта базӯр, бо меҳнати пурмашаққат, пайдо мекард.

«Бахт»-и Далер аз ин ба баъд омад кард. Вай бо тавсия ва кӯмаки молии «хонум»-и сарватмандаш имиҷашро тағйир дод, пироҳанҳои зебо ба бар кард. Ҷӯрааш Муҳибро, ки низ як ҷавони зебою ҳузарб маълум мешавад, ба «бизнес»-и даромаднокаш ҷалб кард.

Далер ва Муҳиб ҳоло мисле ки ҳирфаӣ шудаанд. Шояд бо тавсияи «хонуми сарватманд»-и Далер бошад, ки акнун бонувони пулдор аз мардикорбозор бештар «зиёрат» мекардагӣ шудаанд.

Бархе аз мардоне, ки дар мардикорбозор рӯзҳои дароз интизори кордеҳ менишинанд, гоҳе бо ҳайрату гоҳе бо ҳасаду гоҳе бо ҳавас ба «серхаридорӣ»-ю бобарории Далеру ҷӯрааш ишора мекунанд.

-- Далер маладесай! Кораш тоза будагист, ки пули нағз кор мекунад. Сару либосаш ҳар рӯз нав мешаваду қариб ки пули зангириву хонасозиашро ғун кардааст, - мегӯянд ҳамраҳонаш дар мардикорбозор.

Далер мегӯяд, аз интихоби «касб» ва аз корҳояш пушаймон нест. «Дар ҳама дунё барои хизматрасонии маҳрамона пул медиҳанд. Ҳама навъи истироҳат маблағ мехоҳад. Агар мардон барои чунин хизматрасониҳо ба занони танфурӯш пул диҳанд, чаро мо ҳам аз ҳамин «формула» истифода накунем?», - меафзояд Далер.

Далер иддао дорад, ки дороии бисёре аз «кордеҳонаш»-ро пулҳои дуздӣ ташкил медиҳад. «Ман барои ҳамон «дуздҳо» роҳзан ҳастам!», - чунин аст «фалсафа»-и дигари ӯ.

Далер шояд аз камшумортарин «фоҳишамардон» дар Қӯрғонтеппа бошад. Ҳарчанд баъзеҳо аллакай пайхас кардаанд, ки чаро кордеҳони Далер фақат занҳоянду вай пешниҳоди кордеҳони мардро рад мекунад, аммо худи Далер иқрор намешавад, ки дар асл чӣ «ҳунар» дораду сирри «муваффақият»-аш аз чӣ иборат аст…

Воқеан, оё «фалсафа»-и мову шумо ҳам ба «фалсафа»-и Далер мувофиқ аст?
XS
SM
MD
LG