Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Амрико аз Миср дар ҳоли идомаи тазоҳурот


Амрико аз Миср даъват кард, қавонини изтирории худро, ки даҳсолаҳост, эътибор дорад, фавран лағв кунад.

Даъвати Амрико дар ҳоле садо дод, ки мӯътаризон ба дунболи тазоҳуроти густардаи дирӯза бо талаби истеъфои президенти ин кишвар, Ҳуснӣ Муборак, рӯзи чаҳоршанбе ба хаймазанӣ ва хобухӯр дар майдони Таҳрири Қоҳира идома доданд.

Дар пасманзари тазоҳурот Вошингтон аз ҳукумати Миср даъват кард, қонунҳни марбут ба авзои изтирориро, ки даҳсолаҳо пеш ҷорӣ шуда, ба нирӯҳои амниятӣ салоҳияти густардае медиҳад, оҷилан даст бикашад.

Ноиби раисҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, ин даъватро дар гуфтугӯи телефонӣ бо Умар Сулаймон, ноиби тозатаъйини президент матраҳ кард. Байден ҳамчунин ба Сулаймон гуфт, ки полис бояд ба латукӯб ва боздошти хабарнигорону фаъолон хотима диҳад ва гуфтушуниди васеъ бо мухолифинро ба роҳ монад.

Ҳамзамон Бан Ки-мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ҳукумати Миср ва мардуми ин кишварро ба тағйири муназзаму осоишта даъват кард ва гуфт вуқӯи зудтари ин таҳаввул ба фоидаи кор хоҳад буд. Аммо Бан аз даъвати Муборак ба истеъфо худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол тазоҳургарони зидди ҳукумат ба дунболи ҷамъомад ба таҳкими урдугоҳи худ дар майдони Таҳрир идома доданд. Рӯзи сешанбе аз чаҳор як ҳиссаи миллион тазоҳургар бо талаби истеъфои Ҳусни Муборак ба кӯчаҳои Қоҳира рехтанд. Ҳазорон нафар бо таъкид ба талаби худ то бинои порлумони Миср қадам заданд ва ба тарафдорӣ аз пароканда кардани ин ниҳод низ шиор доданд. Баъдан бахши умдаи онҳо хона ба хона рафтанд ва бахши дигар дар майдони Таҳрир боқӣ монд, то шабро дар ин ҷо саҳар кунад.

Муҳаммад Зоғбиин яке аз хайманишинҳои майдони Таҳрир имрӯз гуфт, ки талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак чун талаби калидӣ боқӣ мондааст: “Ман мехоҳам, Ҳуснӣ Муборак аз мо биравад. Мо мехоҳем, худамон раҳбар интихоб кунем ва мо озодӣ мехоҳем. Мо ҳама ин ҷо озодӣ мехохем. Ин сарзамини озодист.”

Рӯзи сешанбе дар байни тӯдаи тазоҳургарон ҳузури кормандони ҳукумат, бо шумули наздик ба 5 ҳазор устоду профессорҳои донишгоҳҳо, ки нирӯҳои амниятӣ қаблан аз иштироки онҳо дар намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ карданд, низ мушоҳида шуд.

Аз боздоштгоҳ озод шудани ходими Гугл -- Уилл Ғаними 30-сола шӯру шареро дар байни тазоҳургарон ба вуҷуд овард. Ғаним ду ҳафта пеш бинобар кӯмак дар ташкили мавҷи аввали тазоҳурот дар Миср боздошт шуда буд. Телевизиони моҳвораии Миср суҳбати кӯтоҳ вале хеле эҳсосотии Ғанимро дар майдон пахш кард, ки мардумро ба идомаи тазоҳурот ва талаби дигаргуниҳо дар кишвар даъват мекард. Ӯ ба мардуми майдон гуфт “Ман қаҳрамон нестам, қаҳрамон онҳоеянд, ки шаҳид шудаанд!”

Вай афзуд: “Ҳоло фурсати афрод, ё аҳзоб ё ҷумбишҳо нест. Ин фурсатест барои ҳамаи мо то як чизро таъкид кунем: Миср аз ҳама болост! Миср аз ҳама болост!”

Президенти Миср, Ҳуснӣ Муборак- барои ёфтани калиди дили тазоҳургарон чанд иқдоме пиёда кард. Аммо талошҳои ӯ, ки қавл дод дар интихоботи оянда ширкат накунад, ҳукумати нав таъсис дод ва мухолифонро барои мушаххас кардани роҳи ислоҳот даъват кард, ҳеҷ нармишеро дар дили тазоҳуркунандагон ба вуҷуд наовард. Даъватҳо барои истеъфои ӯ ҳамоно дар шаҳрҳои бузурги Миср баланд садо медиҳанд.
XS
SM
MD
LG