Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони Оҷонси захираҳои давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ки сар аз шанбе ва якшанбеи ин ҳафта ба фурӯши маводи ғизоӣ аз ҳисоби захоири давлатӣ шурӯъ мекунанд.

Соҳиб Зиёдуллоев- муовини раиси Оҷонси захираҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, ба ин далел, ки нархи маводди ғизоӣ дар аксари кишварҳо боло рафта ва дар бозорҳои Тоҷикистон таъсири манфии худро гузоштааст, ҳукумат тасмим гирифт як қисме аз захирҳояшро ба фурӯш барорад.

Муовини раиси Оҷонси захираҳои давлатии Тоҷикистон мегӯяд ин тадбири ҳукумат бар манфиати мардум хоҳад буд, зеро нархи ин навъи маҳсулот то 15 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Аммо коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба фурӯш гузоштани маҳсулот аз анбори давлатӣ наметавонад пеши роҳи болоравии баҳои маҳсулоти аввалияро бигирад.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков- узви кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд истифода аз захоири давлатӣ шарт ва шароити хос яъне танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода ва истисноӣ ҷойиз аст. Ва дар ҳоле ки ба бозор баровардани маҳсулот аз анбори давлат наметавонад ба таври мудаввом идома дошта бошад ин тадбири давлат муассир воқеъ нахоҳад буд:

Дар ҳамин ҳол бархе дигар аз коршиносон мӯътақиданд, ки афзоиши босуръати нархи маҳсулоти аввалия дар бозорҳои кишвар натиҷаи сиёсати нодурусти мақомоти марбутаи кишвар аст. Абдулло Ҳабибов-коршиноси тоҷик мегӯяд дар ҳоле, ки воридоти маводди аввалияи ниёзи мардум дар ихтиёри монополистҳо-гурӯҳҳои хурд қарор дорад давлат дар баробари таъмини амнияти ғизоӣ ҳамеша осебпазир хоҳад буд.

Бо ин ҳол як фурӯшандаи дӯконе дар бозори Шоҳмансур, ки ба Оҷонси захираҳои давлатӣ тааллуқ дорад гуфт, ки дар муқоиса бо нархи маҳсулоти тоҷирони бозор, онҳо арзонтар мефурӯшанд. Аз тарафи дигар ин хонум афзуд тарзи фурӯши маҳсулотро онҳо тавре ба роҳ мондаанд, ки манфиат ба харидор бирасад.

Бо ин ҳол тибқи иттиллои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар соли равон нархи орд 30 ва баҳои растанӣ ва шакар 15 дар сад боло рафтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бинобар таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ, ғизои асосии мардуми тоҷик аз орд ва маҳсулоти гандумӣ иборат буда ва бештари ҷамъияти ин кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG