Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои Русия ба Душанбе меояд


Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия

Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия

Қарор аст Анатолий Сердюков бо раҳбарони Тоҷикистон мулоқот ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дидан кунад.

Намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон боздиди вазири дифоъи Русия, Анатолий Сердюков аз Душанберо як сафари корӣ меноманд, аммо торнамои Вазорати дифои Русия дар ин бора хабаре надодааст ва сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.

Аммо дар иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, ин боздид як "сафари кӯтоҳи ғайрирасмӣ" унвон шудааст.

Бино бар он, Сердюков бо раҳбарони олии Тоҷикистон мулоқот карда, аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе дидан мукунад. Масоили ҳамкориҳои низомии Душанбеву Маскав ва истифодаи Русия аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 10-километрии ғарби Душанбе, аз мавзӯъҳои эҳтимолии музокироти вазири дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Сафари Сердюков ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити байни ду кишвар як марҳилаи ноҳамвор ва мушкилро ба сар мебарад. Дар ду соли гузашта Тоҷикистон хостори дарёфти маблағи иҷораи замин ва пойгоҳ аз тарафи ҳарбиёни Русия дар Тоҷикистон шуда, посухи қатъии манфӣ гирифтааст ва расонаҳои Русия аз эҳтимолми афзоиши нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон матлаб мунташир мекунанд.

Бо сармоягузории Вошингтон дар наздикии пойтахти Тоҷикистон як маркази омӯзишҳои ҳарбӣ сохта мешавад ва ҳам Русия исрор меварзад, фурудгоҳи ҳарбии шаҳраки Айнӣ, ки бо мадади Ҳиндустон тармим ва бозсозӣ шудааст ба истифодаи маҷҷонии ҳарбиёни Русия вогузор гардад.
XS
SM
MD
LG