Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар рӯз дар Афғонистон 2 кӯдак кушта мешавад


Ба ҳисоби як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар, соли гузашта ҳар рӯзи ҷанг дар Афғонистон ҷони дастикам 2 кӯдакро гирифтааст. Дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон дар гузоришаш гуфт, тайи соли 2010 дар ин кишвар 2421 нафари мулкӣ кушта шуданд, ки 739 тани онҳо зери синни 18-анд. Ин созмон мегӯяд, аз се ду ҳиссаи ан атфол бара сари ҳамалоти ҷангиёни толиб ва аксар дар натиҷаи таркиши бомбҳои канори роҳ, ҷон бохтаанд. “Саҳм”-и нирӯҳои эътилоф дар ҳалокати атфоли афғон 17 дарсад гуфта шуда, 4 дарсади ин кӯдакон аз тири сарбозони афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG