Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико ҳамла ба Сайфуллоҳзодаро маҳкум кард


Сафорати Амрико дар Душанбе ҳамла ба Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, узви Шӯрои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сардабири “Наҷот”, нашрияи ин ташаккули умдаи мухолифини ин кишварро маҳкум кард. Дар баёнияи расмии сафорати Амрико ин ҳамла “ ҳамла ба изҳори ақидаи сиёсӣ дар Тоҷикистон” унвон шуда, сафорат ба таҳқиқи мӯшикофонаи ин қазия ва ба муҷозоти шадид кашонидани омилонаш даъват кардааст.
Сафорат мегӯяд, мардум набояд битарсанд, ки ба далели ақидаи сиёсӣ, эътиқоди мазҳабӣ ё узвият дар ҳизби сиёсӣ дучори хушунат ё таъқиб хоҳанд шуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода рӯзи 7 феврал дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва феълан дар бемористони Қарияи боло таҳти табобат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG