Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъ шудани музокироти низомии ду Корея


Сеул мегӯяд, музокироти низомӣ ба манзури рафъи танишҳо дар нимқораи Корея ба дунболи аз ин нишаст хориҷ шудани афсарони Кореяи шимолӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Як мақоми вазорати дифоъи Кореяи ҷанубӣ бидуни бурдани ном гуфтааст, музокирот дар рустои марзии Панмунҷом дар пайи бурузи ихтилофи назарҳо бар сари рӯзномаи кори он қатъ шуд. Ин нахустин нишасти байни ду Корея дар пайи шилликандозии Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣ дар моҳи ноябр аст, ки 4 кушта ба ҷо гузошт.
Қаблан Сеул гуфт, ки пешниҳоди Пхенян ҷиҳати азсаргирии музокирот рӯи масоили башариро усулан пазируфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG