Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти 2 бемори HIV дар Кӯлобу Восеъ


Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ду нафари гирифтор ба HIV, ангезандаи бемории қаттоли AIDS(СПИД) даргузаштаанд. Мудири бахши амрози сироятии маркази минтақавии мубориза бо СПИД Амирхон Исмоилов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, хеле дер ба табибон муроҷиат кардани ин ду мариз иллати аслии марги онҳо шудааст. Ӯ афзуда, ки ҳарду маризи фавтида мӯъдоди маводи мухаддир буданд. Тайи як моҳи охир дар навоҳии минтақаи Кӯлоб 20 мавриди нави гирифторӣ ба вируси HIV кашф шудааст. Оқои Исмоилов гуфт, 4 тани онҳо занон мебошанд.
XS
SM
MD
LG