Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳейг Исроилро аз лаҳни сӯҳбаташ ҳушдор дод


Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг Исроилро аз лаҳни сӯҳбатҳояш ҳушдор дод ва гуфт, ошӯбҳо дар кишварҳои арабӣ метавонанд ба раванди сулҳи Ховари Миёна латма бизананд.
Ҳейг ба рӯзномаи "Times"-и чопи Лондон гуфт, ошӯбҳои ахири мардум дар Тунису Миср ва Урдун метавонанд монеъи ҷустуҷӯи як роҳи доимии ҳалли нихзоъи Исроилу Фаластин шавад. Ҳейг ҳамчунин ба даъвати ахири сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу вокуниши шадид кард ва гуфт, “ҳоло фурсати истифода аз лаҳни ҷангӣ нест.” Нетаняҳу аз кишвараш даъват карда буд, то ба ҳар навъ пайомад омода бошад ва ваъда супурд, ки”тавоноиҳои давлати Исроилро таҳким хоҳад дод.”
Вилям Ҳейг, ки дар роҳи сафар аз Тунис ба Урдун сӯҳбат мекард, мавзеъгирии Исроил дар масъалаи бунёди шаҳракҳо дар сарзаминҳои фаластиниро “таассуфангез” номид ва гуфт, расидан ба сулҳ дар чанд соли наздик баъид менамояд.
XS
SM
MD
LG