Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико хостори лағви вазъи изтирорӣ дар Миср шуд


Амрико аз Миср даъват кард, то вазъи изтирориеро, ки ба нирӯҳои амниятӣ салоҳиятҳои фавқулоддае медиҳад, лағв кунад. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои мисриаш Умар Сулаймон ҳамчунин гуфтааст, ки пулис бояд боздошту латукӯби журналистону фаъолонро бас кунад ва бо мухолифин як муколамаи фарогири миллӣ роҳандозӣ шавад. Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт: “Давлат бояд боздошти эътирозгарон ва журналистон, табъизу лаукӯб ва боздошти фаъолон ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиро бас кунад. Мо ба раҳоии ҳамаи чунин зиндониён даъват мекунем.”
Дирӯз дигарбора садҳо ҳазор нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак гирди ҳам омаданд. Эътирозҳо бо талаби суқути режими Муборак аз 25 январ ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG