Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхонҳои суғдиро 15 600 сомонӣ ҷарима бастаанд


Соли гузашта дар вилояти Суғд 6 мавриди нақзи қонуни танзими расму оинҳо сабт шуда, 33 гурӯҳи ҳунариро ба ин далел, ки бидуни хатти муҷавиз дар тӯю сӯри мардум ҳунарнамоӣ кардаанд, ба маблағи 15 600 сомонӣ ҷарима бастаанд. Ношири ин хабар – ожонсии “Авесто” аз қавли маъмурияти вилояти Суғд навишт, соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон беш аз 3200 тӯи арӯсиву хатна доир шуда, мардуми вилоят аз ҳисоби қонуни танзими расму оин 200 000 сомонӣ иқтисод кардаанд. Ин қонун дар моҳи майи соли 2007 қабул шуд, вале мунтақидонаш мегӯянд, ки он ҳуқуқу озодиҳои мардумро поймол ва роҳро барои фасод ҳамвор мекунад.
XS
SM
MD
LG