Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон захираҳои давлатиашро ба бозор мебарорад


Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, бо истифода аз як қисми захираҳои давлатӣ нархҳои афзуда дар бозорҳои кишварро “бизананд.” Муовини мудири Ожонси миллии захираҳои давлатӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, алакай дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи ҷорӣ ярмаркаҳои фурӯш ташкил шуда, дар он мақодири номаҳдуди орду биринҷу шакар ва анвоъи дигари маҳсулот бо нархи 10-15 дарсад аз қимати бозор арзонтар ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд. Аммо оқои Зиёдуллоев аз ифшои ҳаҷми захираҳои давлатии Тоҷикистон ба далели махфӣ будани чунин омор худдорӣ кардааст. Гуфта мешавад, тайи як соли охир нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон то 80 дарсад ва қимати биринҷу шакар то 25 дарсад боло рафтааст. Соле пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардум даъват карда буд, маҳсулоти ғизоии худро барои дастикам 2 сол захира кунанд.
XS
SM
MD
LG