Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар Тоҷикистон 3 нирӯгоҳи дигар хоҳад сохт


Эрон қасд дорад, дар Тоҷикистон 3 нирӯгоҳи ҷадид бино кунад. Иқтидори умумии нирӯгоҳҳои Нуробод-1 ва Нуробод-2 дар шарқи Тоҷикистон - 350 мегаватт ва аз нирӯгоҳи Айнӣ, ки бар фарози рӯди Зарафшон сохта хоҳад шуд, 170 мегаватт ҳисоб шудааст. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ҳамчунин ба хабарнигорон гуфтааст, ки ширктаи эронии “Сангоб” то моҳи сентябр эҳдоси нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯдаро ҳам анҷом хоҳад дод. Ҳазинаи ин сохтмон 220 миллион доллар буда, 180 миллионашро Эрон таъмини молӣ мекунад. Бино ба хабари “Азия Плюс”, Эрон соли гузашта ба Тоҷикистон 65 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG