Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта 6,8 фоиз рушд доштааст


Кумитаи омори кишварҳои ҳамсӯд мизони рушди иқтисоди ин кишварҳои пасошӯравӣ дар соли 2010-умро 4,5 дарсад баровард кардааст. Бузургтарин суръати рушди иқтисод дар соли гузашта дар Узбакистон( 8,5 фоиз), Беларус(7,6) ва Қазоқистон (7 дарсад) сабт шудааст. Ин ниҳод мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар як соли ахирро 6,8 фоиз ҳисоб кардааст. Аммо иқтисоди Қирғизистон соли гузашта 1,4 дарсад пасрафт доштааст, ки натиҷаи буҳрони молӣ ва нооромиҳоест, ки соли гузашта ин кишвари Осиёи Марказиро фаро гирифт.
XS
SM
MD
LG