Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯрабек Назриев


Ҷӯрабек Назриев- доктори улуми филологӣ. Узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда сипас дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Чандин сол раёсати Институти мероси хаттӣ ва шарқшиносии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир- ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ Ҷӯрабек Назриев овозхонӣ мекунад, сабки вижаи худро дорад ва дар саҳнаи санъати Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми муносиберо касб кардааст. Бархе аз овозхонҳои тоҷик дар пайравӣ аз сабки сарояндагии ӯ ба саҳна ворид шудаанд. Ҳоло ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳои Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG