Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умар Сулаймон:"тазоҳуроти тӯлониро таҳаммул намекунем"


Умар Сулаймон

Умар Сулаймон

Муовини раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, ки " мо барои муддати тӯлонӣ идома ёфтани тазоҳуротро таҳаммул намекунем".

Умар Сулаймон, муовини тозаинтихоби Ҳусни Муборак баён доштааст, ки ба бӯҳрон ҳар чӣ зудтар бояд хотима дод. Бино ба иттилои хабаргузории давлатии МЕNА, Сулаймон гуфтааст, "режим фаъолияташро хотима намедиҳад" ва президент Ҳуснӣ Муборак фавран Мисрро тарк нахоҳад кард.

Ин суханон дар ҳоле садо дод, ки дирӯз ҳудуди 250 000 нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира гирдиҳам омаданд ва яке аз бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ бо дархостҳои истеъфои Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури 82-солаи Мисрро баргузор карданд.

Ҳамзамон дирӯз ҳазорон нафар дар назди бинои парлумони Миср раҳпаймоӣ анҷом доданд ва истеъфои Ҳуснӣ Муборак талаб мекарданд. Онҳо шиор медоданд, ки "ба ҷое намераванд ва дар майдон мехобанд, то замоне, ки режим ба истеъфо равад".



Аз тарафи дигар дар тазоҳуроти дирӯз барои аввалин бор кормандони идораҳои расмӣ низ ҳузур доштанд. Аз ҷумла 5 000 нафар аз устодони донишгоҳҳо, ки то ҳол онҳоро полис аз ширкат дар тазоҳурот боздошта буд, ба майдон ворид шуданд. Аз миёни тазоҳуркунандагони майдон як гурӯҳи 1000 нафарӣ ҷудо шуд ва ба сӯи бинои парлумон раҳпаймоӣ анҷом доданд.
Онҳо намояндагони парлумон ва худи парлумонро дар шиорҳои худ ғайриқонунӣ хитоб мекарданд.

Воил Ғуним-яке аз раҳбарони иҷроии Google, ки ду ҳафта пеш нерӯҳои давлатӣ вайро барои созмон додани чунин тазоҳурот боздошт карда буданд,
дар майдон ҳозир шуд ва тақозо кард, ки дар Миср ислоҳоти демократӣ сурат бигирад. Вай ба ҳозирин хитоб кард, ки қаҳрамон нест, қаҳрамон ононе ҳастанд, ки худро қурбон карданд:

"Ҳоло ин фурсат барои шахсиятҳо ё ҳизбҳову ҷунбишҳо нест. Ин имконест барои ҳамаи мо, то як чизро ба забон орем: "Миср болотар аз ҳар чиз аст".

Тазоҳуркунандагон бо шӯру кафзаданҳо такрор мекарданд "Миср болотар аз ҳар чиз аст".

Ҳуснӣ Муборак қавл додааст, ки то моҳи сентябр дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд ва то он вақт кобинаи нави вай фаъолият хоҳад кард. Вале тазоҳуркунандагон ба ин ҳарфҳо бовар надоранд ва тақозо мекунанд, ки Муборак ҳамин ҳоло ба истеъфо равад.

Дирӯз ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Искандария раҳпаймоӣ анҷом доданд. Дар шаҳрҳои Мансура, Исмоилия ва Суетс низ ҳазорон нафар ба нишонаи эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои Муборакро тақозо карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG