Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виллям Ҳейг ба Исроил ҳушдор дод


Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Британия ба Исроил ҳушдор дод, ки канораҷӯиҳои худро хотима бахшад. Вай афзуд, нооромиҳо дар кишварҳои арабӣ метавонад раванди сулҳро ба таъхир андозад. Ҳейг дар мусоҳибае бо маҷаллаи "Таймз" чопи Лондон гуфтааст, нооромиҳои ахир дар Тунису Миср ва Урдун метавонад ҳалли комили муноқишаи Исроилу Фаластинро ба хатар рӯ ба рӯ созад. Ҳейг ба изҳороти Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар бораи омода будан ба ҳар гуна натиҷа дар кишварҳои арабӣ вокуниши шадид нишон додааст.
XS
SM
MD
LG