Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Душанбе Тоҷикистону Покистон ҷаласа мекунанд


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон ба кор оғоз мекунад. Ин ҷаласа то 12-ӯми феврал давом мекунад. Дар он ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро Гул Шералӣ-вазири энерживу саноат ва ҳайати Покистонро Раҷо Парвиз Ашраф-вазири таъмини обу энержии он кишвар раҳбарӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки масъалаҳои фарҳангӣ, ҷаҳонгардӣ ва маориф баррасӣ шаванд. Дар ин бора "Ховар" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG