Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи Сталин меравад, ёдгории қурбониёни ҷанг меояд


Вазири фарҳанги Гурҷистон гуфтааст, кишвараш ба ҷои муҷассамаи Иосиф Сталин ёдгорие барои хотираи қурбониёни ҷанги моҳи августи соли 2008-и миёни Русияву Гурҷистон хоҳад гузошт. Тарҳи ёдгории ҷадид дар як озмун баранда шудааст ва дар он 11 нафар марди пойлуч ҳангоми қадамзанӣ тасвир шудаанд. Ин ёдгорӣ дар майдони марказии шаҳри Горӣ дар зодгоҳи Иосиф Сталин қомат меафрозад.
XS
SM
MD
LG