Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доку Умаров ҳамлаи Домодедоворо дастур додааст


Доку Умаров-раҳбари шӯришиёни чечен масъулияти бамгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро бар ӯҳда гирифт. Дар ин ҳамла 36 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Доку Умаров дар як навори видеоӣ дар сомонаи интернетӣ гуфтааст, дастури ин инфиҷорро вай содир кардааст. Ин навори видеоӣ ба эҳтимоли зиёд дар рӯзи ин ҳамла, яъне 24-ӯми январ сабт шудааст. Умаров мехоҳад, ки дар Қафқоз як кишвари мустақил аз Русия ташкил диҳад ва дар он шариати ислом ҷорӣ бошад.
XS
SM
MD
LG