Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои нави WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон


Аз савум то панҷуми феврал торнамои ифшогари WikiLeaks панҷ номаи нави марбут ба Тоҷикистонро мунташир кард.

Ҳарчанд порчаҳо ва ишораҳое аз ин номаҳо пештар дар расонаҳои ахбори оми Олмон, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Русия чоп шудаанд, матни комилтари онҳо ҷузъиёти ҷолиб ва донистание дорад.

Се барқия аз дидору гуфтугӯҳои сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард
Зарипов гуфт, паёми Маскав, махсусан аз тариқи Вазорати амният ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Раҳмоновро сарнагун кунад, русҳоро аз пойгоҳи ҳарбияшон берун афканад...
Ҳоугленд бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сафири вақти Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят мекунанд. Яки дигар аз мулоқоти сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс бо муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаров ва барқияи панҷум аз сафири Амрико дар Лондон аст, ки ба оғози кори телевизиони форсии Би-Би-Сӣ бахшида шудааст.

Мӯҳтавои барқияҳои марбут ба мулоқоти Ҳоугленд бо Раҳмон ва Гросс бо Абдулло Назаров мунташир шуда, аз барқияи марбут ба мулоқот бо Зарифӣ маълумоти моҷароангез берун омада буд ва мазмуни пурратари номаи марбут ба Кабирӣ аслан интишор нагаштааст.

ДИПЛОМАТИЯИ ҶАНОБИ ЗАРИПОВ


Ниҳоят, барқияе дастраси ом гашт, ки дар атрофи номи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ сарусадои зиёд ба бор оварда буд.

Бархилофи интизориҳо, дар ин нома гуфта нашудааст, ки Зарифӣ мехоҳад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барканор кунад ва ҳукуматро ба даст бигирад. Аммо инро ҳам бояд афзуд, ки WikiLeaks шакли мухтасари барқияи сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро нашр кардааст ва мегӯяд, шакли комили барқия дастрас нест. Шарҳ дода нашудааст, ки чаро матни пурра дастрас набудааст.

Ҷаноби Ҳоугленд менависад, дар рӯзҳои мураххасияш дар ватан сафири Тоҷикистон дар Амрико, Ҳамроҳхон Зарипов ба сафорати Амрико дар Душанбе даъват шуд ва дар мулоқоти рӯзи 19-уми октябри соли 2005 ӯро
То ҳоло ӯ ягон хато наёфтааст, аммо омодааст, агар камтарин “беназмӣ” ба гӯшаш расад, Соросро фавран хоҳад баст...
ноиби раиси раёсати Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар вазорат Сироҷ Раҷабов ҳамроҳӣ мекард. Ба назари Ҳоугленд ҳузури Раҷабов ба Зарипов имкон намедод, озодона сӯҳбат кунад ва танҳо дар поёни мулоқот, ҳангоми гардиш дар боғчаи сафорат, вақте ки Раҷабов чанд лаҳза ақиб монд, байни Зарипов ва Ҳоугленд сӯҳбати ошкорое сурат гирифт.

Дар ҳамин лаҳазот буд, ки Зарипов ба Ҳоугленд гуфтааст, Русия бузургтарин мушкили Тоҷикистон мебошад ва бо ҳар роҳ мехоҳад, ба густариши нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон мумониат кунад. Вай меафзояд, раисиҷумҳур Раҳмонов зери ҳамлаҳои пайдарҳами на танҳо расонаҳои ҳамагонии Русия, балки Вазорати амнияти Тоҷикистон аст, ки Русия бар он ҳоким мебошад. “Зарипов гуфт, паёми Маскав, махсусан аз тариқи Вазорати амният ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Раҳмоновро сарнагун кунад, русҳоро аз пойгоҳи ҳарбияшон берун афканад ва нуфузи Иёлоти Муттаҳидаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон паҳн карда, онро ба ҳалқаи пайванд бо Қирғизистони таҳти таъсири Иёлоти Муттаҳида табдил диҳад.”

Зоҳиран, ин суханони сафир Зарипов дар посух ба суоли сафир Ҳоугленд дар бораи номаи ҳукумати Тоҷикистон бар зидди созмонҳои ғайридавлатии
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Рашид Олимов, аз мулоқоти Раҳмонов бо мудири кулли ширкати АЕС дар Ню Йорк пешгирӣ кард...
амрикоӣ, ба монанди Пажӯҳишгоҳи милли демократӣ, Фридом Ҳаус ва Интернюз садо додаанд. Зарипов ин номаро низ таъсири мустақими Маскав шумурдааст. Аммо ӯ нахостааст, дар ин бора дар ҳузури Раҷабов гап занад ва он вақт, дар сари миз ба Раҷабов нигариста, гуфтааст, аз чунин нома аслан хабар надорад.

Дар пайванд ба ин мавзӯъ Зарипов ҳамчунин аз мулоқоти президент Раҳмонов бо Ҷорҷ Сорос дар моҳи сентябри ҳамон сол (2005) дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк ёдовар шудааст. “Вай хотиррасон кард, ки Сорос аз Раҳмонов пурсид, то куҷо ӯ ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи ҷомеаи боз дар Тоҷикистон шубҳа дорад. Раҳмонов қотеъона посух дод, ки шубҳаи ӯ хеле зиёд аст ва аз фаъолияти ин созмон бодиққат муроқибат мекунад. То ҳоло ӯ ягон хато наёфтааст, аммо омодааст, агар камтарин “беназмӣ” ба гӯшаш расад, Соросро фавран хоҳад баст.”

Кӯтоҳи сухан, Ҳоугленд кӯмаки Зариповро дар ҳалли мушкил бо созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ мехоҳад ва Зарипов ӯро дилпур мекунад, ки мушкил бо сабурӣ ҳал хоҳад шуд. Ҳоугленд мегӯяд, пас дар посухи рамӣ ба ҳукумати Тоҷикистон шитоб нахоҳад кард.

ДАР МОВАРОИ РУСИЯ ВА АМРИКО

Зарипов, дар ин байн, гуфтаҳои худро дар бораи хатаромезии вурудаш ба “бизнеси калон” шарҳ медиҳад. Вай мегӯяд, "Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Рашид Олимов, аз мулоқоти Раҳмонов бо мудири кулли ширкати АЕС дар Ню Йорк пешгирӣ кард. Олимов ба Раҳмонов гуфтааст, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ширкати АЕС-ро барои он ба майдон хостааст, ки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ шиканад ва Русияро аз Тоҷикистон хориҷ кунад.” Зарипов ба Ҳоугленд гуфтааст, “Ман омода будам, ки аз вазифа ронад шавам ё ҳатто ба зиндон афтам”, аммо Раҳмоновро қонеъ кардам, ки назари АЕС-ро шунавад ва акнун Раҳмонов, зоҳиран, андешаи ҳамкории АЕС ва РАО ЕЭС-ро пазируфтааст.

Сафир Ҳоугленд дар шарҳи ин нукта менависад, “ҳарчанд ин фарзияи Зарипов ба гунае худситоист, он бо чанде аз ҷузъиёти дигар, ки мо ҳамоно ҷамъу ҷӯр мекунем, ҳамоҳанг аст. Русия барои маҳдуд кардани таъсири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон сарсахтона талош мекунад.”

Зарипов дар ин мулоқот Ҳоуглендро мутақоид кардааст, ки Раҳмонов аз умқ ва сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Амрико розист ва аслан хостори тағйири тунд, коҳиш ё густариши назарраси ин равобит нест. Биноан, Ҳугленд набояд ба номаи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди созмонҳои ғайридавлатӣ посухи тез ё ангезанда диҳад ва аз сабр кор гирад.

Дарвоқеъ, он вақт Иёлоти Муттаҳида ба ин нома вокуниши ҷиддӣ нишон надод ва ҳатто баста шудани Пажӯҳишгоҳи милли демократӣ дар Тоҷикистонро мисли як ҳабби талх фурӯ бурд.

Ҳоугленд ба ин нукта ҳам диққат додааст, ки Зарипов дар мавриди боздиди
Сафир Кабириро мутмаин кард, ки вазир Райс ба Раҳмонов гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006-и Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад...
вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс аз масҷиди ҷомеи Душанбе ва мактаби динии духтарона изҳори таҳайюр кардааст. Аз лаҳни барқияи Ҳоугленд бармеояд, ки ҳайрати Зарипов тобиши манфӣ доштааст. Ҳамзамон Зарипов тасдиқ кардааст, ки дар бораи боздиди Райс аз масҷид ва мадраса телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳеҷ гуна хабар надод ва ҳеҷ кас аз ин боздид Зариповро огоҳ накард.

Ин нуктаро Ҳоугленд дар барқияаш шарҳ надода, танҳо бо зикри қаноатмандии Зарипов аз сафари хонуми Райс ба Тоҷикистон иктифо кардааст.

КАБИРӢ ВА МУЛОҚОТИ РАЙСУ РАҲМОНОВ


Сафари хонуми Райс дар мулоқоти дигари Ҳоугленд, ин бор бо ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 22-юми ноябри соли 2005 низ баррасӣ шудааст. Кабирӣ боздиди Райсро аз масҷиди ҷомеаи Душанбе ва мадрасаи духтарона мавриди ситоиш қарор додааст, аммо
Ин як “демократияи идорашаванда”-и неошӯравист, на демократияи ҳақиқӣ ва бадбахтона, аз тарафи Маскав ташвиқ мешавад...
шикоят кардааст, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон ва куллан расонаҳои ҳамагонии давлатӣ дар бораи ин бахш аз сафари Райс ҳеҷ гуна маълумоте пахш накард.

Кабирӣ аз сафир Ҳоугленд тафсилоти мулоқоти Райс ва Раҳмоновро пурсидааст. “Сафир Кабириро мутмаин кард, ки вазир Райс ба Раҳмонов гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006-и Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Вай ба Раҳмонов фаҳмонд, ки интихоботи покиза танҳо рӯзи раъйдиҳииро дар назар надорад, балки ба ҳамин андоза муҳим аст, дар дарозмуддат сиёсатмадорон барои расондани паёми худ ба мардум ба васоити ахбори ом дастрасӣ дошта бошанд.”

Сафир ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад.

Кабирӣ зикр кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи демократия зиёд ҳарф мезананд, аммо дар амал демократияро хатаре ба қудрати худ мешуморанд ва ба саркӯб кардани он даст мезананд. “Вай изофа кард, ки худи ҲНИТ низ ба дараҷае, ки зарур аст, демократӣ нест, аммо дар шароити маҳдуди сиёсӣ ва фарҳангии феълӣ ба ҳадди имконаш талош мекунад.”

Ба ақидаи Кабирӣ, ҳукумат дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ танҳо дар муқобили имконияти мухолифон ба истифода аз нерӯ ва бино бар заъфи худ маҷбуран бо гурӯҳҳои мухолиф ҳамкорӣ мекард. Ҳоло элитаи сиёсии ҳоким мебинад, ки мухолифони қавӣ ва мусаллаҳ дигар вуҷуд надоранд, идомаи муколамар зарур намешуморад.

Сафир Ҳоугленд дар посух гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар забон аз демократия ва чандандешӣ ҳимоят мекунад, аммо ҳарчӣ бештар ҳаёти сиёсиро зери назорат мегирад. “Ин як “демократияи идорашаванда”-и неошӯравист, на демократияи ҳақиқӣ ва бадбахтона, аз тарафи Маскав ташвиқ мешавад.” Кабирӣ гуфтааст, ҲНИТ ба ҳамин ҳам розист, аммо ҳарос дорад, ки ҳукумат то рафт худкома мешавад.

РАҲМOНОВ ВА ИСЛОМ


Бино бар барқияе, ки торнамои Викиликс мунташир кардааст, сафир Ҳоугленд дар ин мулоқот оварда, ки “президент Раҳмонов зоҳиран дар пуштибонӣ аз ислом баёнияҳои оммавӣ медиҳад, аммо қоидаҳои тазодомезе мебарорад, ки ин мавқеъи ӯро коҳиш медиҳанд, аз ҷумла мамнӯъияти ахири пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои умумӣ.”

Кабирӣ изҳори мувофиқат кардааст, ки чунин чораҳо бахши муҳофизакори ҳизби ӯро тундравтар мекунанд. Вай афзудааст, ин қарори ғалат тарафдорони ҳизби ӯро дар ҷомеа бештар кардааст. Дар ин робита ва ҳамчунин дар пайванд ба мавзӯъҳои дигари гуфтугӯ, ҷаноби Кабирӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки аз як сӯ зери фишори қишри муҳофизакори ҳамҳизбиёни худ қарор дорад ва аз сӯи дигар зери зарбаҳои ҳукумат.

Вай мегӯяд, президент Раҳмонов намехоҳад, пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад. Куллан ҳукумат, ба гуфтаи Кабирӣ, талош дорад, Кабириро аз саҳна берун ва ҳошиянишин кунад. Сафир дар шарҳи ин мавзӯъ менависад, “Ҳарчанд Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад, вай инчунин мехоҳад ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи Бузург бигирад, агар ба шарте ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад.”

Мулоқот дар даврае ба амал омадааст, ки раҳбари ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бистари беморӣ буд ва сафир ӯро “яке аз ҷангсолорони ҷанги шаҳрвандӣ меномад, ки Раҳмонов ба вай иҷоза дод, хеле сарватманд шавад.” Сафир ба нақл аз сиёсатмадорони дигар гуфтааст, бо ин роҳ Раҳмонов тавонист, Нуриро зери назорат бигирад. Аммо бо Кабирӣ чунин равобит надорад ва аз дидорҳои ӯ бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст.

Кабирӣ дар ин мулоқот бо Ҳоугленд гуфтааст, ҳадафи асосии ӯ ҳамчун
Агар ӯ дар соли оянда лоақал панҷ бор дар телевизиони давлатӣ зоҳир шавад, пойгоҳи воқеие пайдо хоҳад кард...
“сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст. Кабирӣ ин нуктаро пас аз шӯхие зикр мекунад, ки раиси маҷлис Сайдулло Хайруллоев ӯро бо гарданбанди норанҷӣ дар порлумон дида, ҳушдор додааст, ки дигар бо ин галстук дар мазҳари ом зоҳир нашавад. Кабирӣ посух додааст, ки ҳадафаш ягон паёми сиёсӣ аз инқилобҳо ранга нест.

Ба ёд орем, ки воқеа чанде баъд аз инқилоби норанҷии Украина рӯй додааст. Кабирӣ гуфтааст, Хайруллоев ҳамеша талош мекунад, ӯ ва раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдоловро зери назорат дошта бошад.

МАНЗАРАИ ДЕМОКРАТӢ

Сафир дар ин мулоқот назари Кабириро дар мавриди ду ҳизби навтаъсис – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ пурсидааст. Кабирӣ посух додааст, ки ҳарду ҳизб аз офаридаҳои Раҳмонов шумурда мешаванд, то манзараи дурӯғине падидор шавад, ки Раҳмонов аз пуштибонии чандҳизбӣ бархӯрдор аст, онҳо нишонаи демократияи ӯянд ва аз сӯи дигар ин аҳзоб бояд ҳизбҳои воқеии мухолифро ба кунҷи саҳна тела диҳанд.

Аммо Кабирӣ иқрор кардааст, ки ҳарчанд ин аҳзоб сунъиянд вай аз онҳо истиқбол мекунад, зеро афзоиши шумораи ҳизбҳо дар саҳна ба фоидаи кор аст. Мумкин аст, онҳо дар оянда мустақилияти бештар ба даст оранд ва битавонанд, ба эътилофҳое шарик шаванд. Сафир дар шарҳи худ ба ин назари Кабирӣ онро аз як сӯ баҳимматона ва аз сӯи дигар содалавҳона мешуморад, зеро агар ин аҳзоб аз хатти кашидаи Раҳмонов берун пой гузоранд, аз байн хоҳанд рафт.

Натиҷагирии сӯҳбати Ҳоугленд ва Кабирӣ хушбинона нест. Ҳарду ба хулосае меоянд, ки ҳукумат ба зуҳури насли нави сиёсатмадорон роҳ нахоҳад дод. На танҳо дар саҳнаи миллӣ, балки ҳатто дар сатҳи минтақа ва ноҳияҳо низ. Чанде аз сарварони эҳтимолӣ дар маҳбасанд ва чунин дурнамо дигаронро дар ҳолати тарс нигоҳ медорад. Аммо Кабирӣ мегӯяд, шахсе монанди раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зойиров метавонад ба лидери ҳақиқии миллӣ табдил ёбад, аммо ӯ дар сатҳи умумимиллӣ муаррифӣ нашудааст. Кабирӣ мегӯяд, “агар ӯ дар соли оянда лоақал панҷ бор дар телевизиони давлатӣ зоҳир шавад, пойгоҳи воқеие пайдо хоҳад кард. Аммо чунин нахоҳад шуд, зеро Раҳмонов ба ин роҳ нахоҳад дод.”

Кабирӣ аз он низ шикоят кардааст, ки дари сафорати Русия барои ҲНИТ баъд аз сафир таъин шудани Абдулатипов баста шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки Кабирӣ хостори равобити ҳасана бо Русия аст.

Сафир Ҳоугленд дар шарҳи худ менависад, Кабирӣ сиёсатмадорест, ки майдон мехоҳад, вале Раҳмонов ба ӯ чунин майдонро нахоҳад дод. Биноан, меафзояд Ҳоугленд, кишварҳои Ғарб бояд роҳҳои дурусту боэҳтиёти муаррифии ӯро пайдо кунанд. Ва ин роҳҳо, ба гуфтаи сафир набояд танҳо аз даъват ба семинару конфаронсҳо иборат бошад.
XS
SM
MD
LG