Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони сиёсӣ зиндонҳои Мисрро тарк намуданд


Дар Миср 34 маҳбуси сиёсӣ аз зиндон озод карда шуданд. Ин нахустин раҳоии маҳбусон аз зиндон баъди он аст, ки ҳукумати феълӣ ба мардум ваъдаи ислоҳот кард. Ба навиштаи хабаргузориҳои Миср, маҳбусҳо ҳангоми бенизомиҳои моҳи январ аз зиндон фирор кардаанд ва аммо баъдан худро ба полис таслим намуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар бораи теъдоди маҳбусони сиёсӣ дар Ироқ иттилое надоранд.

Имрӯз дар Миср комиссиюне таъсис шуд, ки тарҳи қавонин барои интиқоли осоиштаи қудратро таҳия мекунад. Дар ин бора муовини раисиҷумҳур Умар Сулаймон хабар дод ва афзуд, ки мақомот ширкаткунандагони намоишҳои эътирозиро таъқиб нахоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол созмондиҳандагони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ имрӯз аз шаҳрвандон даъват карданд, ки рӯзи ҷумъа дубора ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро талаб намоянд. Дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳанӯз ҳам садҳо эътирозгарон боқӣ мондаанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Миср ду ҳафта боз идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман райтс вотч тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳуснӣ Муборак эълом дошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин хостори
истеъфои фаврии ӯянд.
XS
SM
MD
LG