Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генералҳои ФСБ барои таркиш дар "Домодедово" муҷозот шуданд


Чанд тан аз афсарони воломақоми ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - масъулони таъмини амният дар нақлиёт, дар робита ба таркиш дар фурудгоҳи Домодедово аз мақомҳояшон барканор шуданд. Раҳбари раёсати “Т” генерал-лейтенант Чернишев огаҳӣ гирифт, ба муовини аввали ӯ генерал Тямушкин танбеҳи қатъӣ доданд.

Имрӯз Думаи давлатии Русия масоили марбут ба ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскавро баррасӣ кард. Дар ин ҷаласаи пушти дарҳои баста, ки бо ширкати раиси Хадамоти федеролии амният, вазири умури дохилӣ, Додситони кулл, раиси Кумитаи тафтишот ва вазири нақлиёти Русия гузашт, вакилон асосан сари мавзӯъҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ва таъмини амният дар нақлиёт тамаркуз карданд.

Раиси кумитаи амнияти Думаи давлатӣ Владимир Василев изҳор намуд, ки вакилон шояд ба вазорати нақлиёт тафтишҳои ғайриинтизор дар фурудгоҳҳоро иҷоза диҳанд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дар робита ба таркиш чанд нафар боздошт шудаанд.

Имрӯз Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чесен, масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи "Дододедово"и Маскавро бар дӯш гирифт.

Бар асари таркиши маргталабона дар ин фурудгоҳ, ки рӯзи 24 январ рӯх дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав 60 тан аз маҷрӯҳон дар ин ҳамла боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG