Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак: Сар медиҳаму намедиҳам сар


Мухолифин дар Миср бо талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак барои имрӯз ва рӯзи ҷумъа эътирозҳои густардаеро даъват кардаанд.

Худи Муборак гуфтааст, то интихоботи моҳи сентябр тарки раҳбарӣ карданӣ нест. Ҳукумати ӯ дирӯз эълон кард, ки маоши кормандони давлатӣ ва нафақаи бознишастагонро 15 фоиз боло мебарад.

Аммо ҳазорон эътирозгар ҳамчунон дар майдони Таҳрири Қоҳира боқӣ монда, имрӯз шиор мезаданд, ки то замони суқути режим дар майдон хоҳанд монд.

Амрико баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Мисрро зери суол гузошта, хостори таҳвили муназзами қудрат дар ин кишвари арабӣ шудааст.
Ноиби раисҷумҳури Миср Умар Сулаймон имрӯз гуфт, давлат барнома ва ҷадвали замонии таҳвили сулҳомези қудратро аллакай дар даст дорад.

Ӯ бо мухолифин, аз ҷумла ҳизби то ҳол мамнӯи Ихвон-ул-муслимин вориди музокирот шудааст, вале мухолифин мегӯянд, дар ин музокирот то кунун пешрафти хеле ночизе ба даст омадааст.

Режими Муборак то ҳол ба талаби асосии эътирозгарон - истеъфои раисҷумҳур тан доданӣ нест. Ноиби ӯ Умар Сулаймон ҳам гуфта, ки дар давраи гузариш масъулиятҳои Муборакро бар дӯш гирифта, ба ҷои ӯ ҳукумат нахоҳад ронд.

То кунун дар нооромиҳои Миср, бино ба хабарҳо, то 300 нафар кушта шуда, хисороти молии ҳар рӯзи эътирозҳо барои ин кишвари арабӣ 310 миллион доллар баровард мешавад.

Бо ин ҳол, дар матбуот, бахусус, ғарбӣ сӯҳбат аз миллиардҳо доллар сарвате шурӯъ шуда, ки гӯиё аҳли хонаводаи Ҳуснӣ Муборак таи 30 соли ҳукмронии ӯ ҷамъ овардааст.

Аз таҳлилгари тоҷик Зоҳири Давлат, фориғуттаҳсили донишгоҳи Қоҳира, мепурсем, ки достони ин миллиардҳо доллар сарвати хонаводаи Ҳуснӣ Муборак то куҷо метавонад воқеият дошта бошад.

XS
SM
MD
LG