Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи иқтисодӣ дари "Фурӯшгоҳи марказӣ"-ро баст


Бинои "Фурӯшгоҳи марказӣ" дар Душанбе

Бинои "Фурӯшгоҳи марказӣ" дар Душанбе

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дари Ҷамъияти саҳҳомии "Фурӯшгоҳи марказӣ" ё "ЦУМ" мӯҳр задааст.

Додгоҳ чунин қарорро бар асоси даъвои шахсоне, ки 13 дарсади саҳмияҳои фурӯшгоҳи бузургро дар ихтиёр доранд, қабул кардааст.

Баҳси миёни саҳҳомони Ҷамъияти "Фурӯшгоҳи марказӣ" дар додгоҳ аз чаҳор сол ба ин сӯ идома дорад. Аммо баҳсҳои қабл аз додгоҳӣ ба замони пештаре бар мегардад. Ба замоне, ки ҷанги дохилӣ то поён хатм нашуда буд.

Ба асари тазод ва мушоҷараҳои дохилии гурӯҳҳои мутанафиз, раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии "Фурӯшгоҳи маркзаӣ" аз мақомаш барканор мешавад ва ба ҷои ӯ шахси дигаре ба раҳбарӣ мерасад, ки феълан раҳбари саҳҳомони даъвогар аст.

Ин шахс бо номи Абдулло Одинаев ду сол раҳбари "Фурӯшгоҳи марказӣ" будааст ва дар соли 2000-ум ин фурӯшгоҳро дар ниҳодҳои марбута ҳамчун воҳиди ҳуқуқӣ сабти номи такрорӣ мекунад.

Мӯҳре, ки ба дари "ЦУМ" зада шудааст
Вале раҳбари собиқи фурӯшгоҳ дубора ба мақоми худ бар мегардад ва даъвои моликият аз ҳамон ҷо оғоз мешавад. Дар ҳамаи марҳилаҳои додгоҳӣ, додгоҳҳо ба нафъи раҳбарии феълӣ қарор содир кардааст.

Аммо дар марҳилаи кунунӣ, ки даъвогарон мегӯянд, фаъолияти фурӯшгоҳи бузург бар асоси ғалати ҷойдошта дар асноди сабти ном ғайри қонунӣ аст, додгоҳ талаби онҳоро қонеъ ва дарҳои фурӯшгоҳи бузургро мӯҳр задааст.

Боймурод Холмуродов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии "Фурӯшгоҳи бузург" мегӯяд, аз болои қарори додгоҳ шикоят хоҳад бурд: "Ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз болои қарори додгоҳ шикояти кассатсионӣ мебарем. Зеро дар ин корхона, ки дарҳояш мӯҳр шудааст, молҳое ҳаст, ки вайрон мешавад. Одамон пулҳои худашонро гузоштаанд ё ин ки кредит гирифтаанд ва агар ин ҳама аз гардиш монад, бар зарари соҳибкорон мешавад."

Дар "Фурӯшгоҳи маркази"-и Душанбе ҳудуди 300 нафар, ба шумули кормандони идорӣ, соҳибкорон ватанӣ ва хориҷӣ машғули кор ҳастанд. Акнун онҳо мегӯянд, ба далели бастани дарҳои фурӯшгоҳ наметавонанд ба савдои худ идома диҳанд ва аз ин хотир хисорот мебинанд.

Ашӯрбӣ Тоштемирова аз соли 1967 то кунун дар "Фурӯшгоҳи маркази"-и Душанбе машғули кор аст. Ӯ қаблан фурӯшанда буд ва аз сӯи маъмурият маош мегирифт. Акнун соҳибкор аст ва бо қарзи бонк ва шарикони тиҷоратияш фаъолият мекунад. Вале мегӯяд, агар дарҳои фурӯшгоҳ чанд рӯзи дигар баста бимонанд, наметавонад қарзҳои худ ва фоизи бонкро дар ин моҳ пардохт кунад.

Хонум Тоштемирова мегӯяд: "Зарари ин ҳам ба мо ва ҳам ба давлат мерасад. Харидорон дар пушти дарҳо истодаанд. Мо аз бонкҳо пул мегирем, бояд фоиз супорем. То даҳум бояд андозҳоро супорем. Инро, ки маҳкам карданд, акнун аз куҷо супорем?"

Ин дар ҳолест, ки додраси ин парванда дар додгоҳи иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷониби даъвогар аз ҳар гуна изҳори назар дар ин маврид худдорӣ намуданд.

Фурӯшгоҳи бузурги Душанбе дар соли 1960 бунёд шуда, дар оғози замони бозоргонӣ, савдои озод ва истиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин маркази савдо дар кишвар буд.



Аммо дар чанд соли охир бо рӯи кор омадани марказҳои бузурги савдо дар шаҳри Душанбе, назири бозорҳои "Саховат", "Султони Кабир" ва "Корвон", мафҳуми "фурӯшгоҳи бузург" ҷои худро ба бозорҳои бузурги шарқӣ дод.

Ва "Фурӯшгоҳи марказӣ"-и Душанбе бо деворнавишти азими вомонда аз аҳди шӯравӣ "ЦУМ" бештар назири як осорхона ё музей - фурӯшгоҳи ёдовар аз аҳди шӯравӣ боқӣ мондааст.

Аммо баҳси ин фурӯшгоҳ то чанд рӯзи дигар ҳамчунон доғ боқӣ хоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG