Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин гуфтугӯи мустақими Кореяҳои шимоливу ҷанубӣ


Намояндагони Кореяҳои ҷанубиву шимолӣ бори аввал дар беш аз се моҳи ахир гуфтугӯи мустақим доир карданд. Музокироти ҳайатҳои низомии ду кишвар дар деҳаи марзии Панмунҷом мегузарад.
23 ноябри соли гузашта бар асари тирандозии низомиёни шимол ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣ 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва ин Пхеняну Сеулро дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор дод.
Ҳадафи аслии музокироти ахир – таҳияи аснод барои эҳёи равобит миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар аст, ки баъди ҳодисаи моҳи ноябр мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG