Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи интихоботи Фаластин мушаххас шуд


Интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Фаластин рӯзи 9 июли соли равон баргузор мешавад. Ғаззон Хатиб, сухангӯи ҳукумати худгардони Фаластин, дар ин бора ба хабаргузории AFP иттилоъ дод ва гуфт, ки интихобот ҳам дар навори Ғазза ва ҳам дар Каронаи бохтарии руди Урдун доир хоҳад шуд. Ва аммо, афзудааст ӯ, дар сурати мухолифати ҷунбиши “Ҳамос” интихобот фақат дар Каронаи бохтарии руди Урдун мегузарад.
Интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Фаластин бори ахир шаш сол пеш баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG