Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамла ба Сайфуллозодаро маҳкум кард


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони узви Раёсати Олии ҳизб ва сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот" Ҳикматулло Сайфуллозодаро шадидан маҳкум кард ва онро “як амали тарҳрезишуда алайҳи ҳизб ва шахсиятҳои он” номид. Дар изҳороти органи олии ҳизб, ки ахиран нашр шуд, лату кӯби Сайфуллозода чун идомаи фишор болои ҲНИТ арзёбӣ шудааст, ки аз сӯи доираҳои муайян сурат мегирад ва ҳадафи он эҷоди тарсу ваҳм дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст.
Раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон масъулияти маънавии сӯиқасдро қисман ба дӯши доираҳое гузоштааст, ки “бо назарҳо, таҳлилҳо ва ишораҳои ғаразнок ва сиёсатзадаи худ заминаро барои содир намудани чунин ҷиноят фароҳам сохтанд”.
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб кардааст, ки фармоишгарон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятро ҳарчӣ зудтар ошкор ва муҷозот намояд.
Ёдовар мешавем, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот", рӯзи душанбе дар ҳоле мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, ки аз манзил берун шуда сӯи дафтари кор мерафт.
XS
SM
MD
LG