Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гомҳои "ҳукумати электронӣ" дар Тоҷикистон


Мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон барои ташкили "ҳукумати электронӣ" нахустин гомҳо бардошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳадаф аз баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Ҳукумати электронӣ–механизми судманди робитаи мардум бо ҳукумат аз тариқи интернет аст", дар ҳамин росто буд.

Дар ин конфронс намояндагон аз Амрико, Итолиё, Ҳинд, Украина, Русия, Эстония ва Қазоқистон ширкат доштанд.

Парвина Ибодова, раиси Ассосиатсияи интернет-провайдерҳои Тоҷикистон моҳияти ҳукумати электрониро чунин тавзеҳ дод:
Парвина Ибодова
"ҳукумати электронӣ ин як фазо, як системае ҳаст, ки мардум аз тариқи интернет ва дигар воситаҳои электронӣ бо ҳукумат робита мекунанд. Аз фаъолияти вазорату ниҳодҳо иттилоъ мегиранд. Барои мисол, пардохти пули об, газ, барқ, андоз ва ғайраро аз тариқи интернет анҷом медиҳанд ва ҳатто аз тариқи интернет ба идораи дахлдор иттилоъ пешниҳод карда, шаҳодатномаи таваллуди фарзанд ва ё шиносномаи худро бидуни саргардонӣ ва навбатпоиҳо бигирад."

Ба гуфтаи Парвина Ибодова, роҳандозии механизми ҳукумати электронӣ мизони фасод дар ҷумҳуриро ба маротиб коҳиш медиҳад. Дар ҳоле ки мо метавонем аз тариқи интернет санади заруриро аз идораи давлатӣ бидуни ироаи пора ба даст биорем.

Баҳриддин Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе, аз тасмими роҳандозии ин механизм истиқбол кард ва гуфт: "Теъдоди идорашинон ҳам кам мешавад ва вақти мардум низ барои дарёфти санаде сарфаҷӯӣ мешавад. Шарт нест, ки як нафар барои дарёфти санаде аз гӯшаи дурдасти ҷумҳурӣ ба марказ биояд. Ин ҳама хуб аст, дар сурате ки мардуми мо ба ин омода бошад."

Оё мо ба ташкили механизми ҳукумати электронӣ омода ҳастем, дар ҳоле ки аз ҳудуди 8 миллион сокини ҷумҳурӣ танҳо як миллиону 600 ҳазор нафар ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. Аз ин ҳисоб танҳо 500 ҳазор нафар ҳамарӯза бо интернет сарукор доранд. На ҳама вазорату идора ва ниҳодҳои давлатӣ саҳифаҳои интернетии худро доранд.

Ин дар ҳолест, ки кормандони бахши аъзами вазорату идораҳо донишгоҳу мактабҳо бо компютер таъминанд.

Питер Марвет аз идораи шаҳрдории Таллин, пойтахти Эстония, ки дар ин конфронс ҳузур дошт, дар гуфтугӯ бо "Озодӣ" гуфт, компютере, ки бо шабакаи интернет пайваст нест, як дастгоҳи нодаркор аст.

Вай афзуд: "Ман дар мактабҳои Тоҷикистон будам, бо компютер таъминанд, вале бахши аъзами компютерҳои мактабу идораҳои давлатӣ ба шабакаи интернет пайваст нест."

Ҷаноби Марвет афзуд, Тоҷикистонро зарур аст, ки интернети босуръатро ба мардум дастрас кунад. Дар он сурат метавон ин барномаро пиёда кард. Вай гуфт, дар Тоҷикистон шабакаҳои телефонии мобайл хуб тавсеа ёфтааст ва метавон аз тариқи "SMS" мардумро барои пардохти пули барқ, об, газ, молиёт ва ғайра огаҳ кард. Ин ҳам як гоме дар ташкили ҳукумати электронӣ аст.

Зоҳир Саъдуллоев, соҳибкори инфиродӣ яке аз ҳамон 500 ҳазор нафарест, ки ҳамарӯза бо интернет сари кор дорад. Ҷаноби Саъдуллоев аҳамияти ташкили ҳукумати электронӣ барои худашро чунин тавзеҳ медиҳад: "Компютери ман бо интернет пайваст аст ва кори тиҷорати маро осон мекунад. Ман бо воситаи интернет моли бозоргирро пайдо мекунам ва мехарам. Агар ин система дар Тоҷикистон роҳандозӣ шавад, мардум метавонанд бидуни додани пора санад ё иҷозатнома ва ё иттилооти заруриро барои тиҷорат аз идораҳои давлатӣ пайдо кунанд. Барои мисол, тоҷир барои хариди билети парвоз метавонад пули изофӣ надиҳад."

Ба гуфтаи коршиносон, ташкили ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон корест мушкил. Вале агар мақомот таҷрибаи Эстонияро дар дастури кор бигиранду сараввал мақомоти давлатӣ ва кормандони идораву ниҳодҳоро саводи компютерӣ ва кор бо интернетро биёмӯзонанд, имкон дорад дар чанд соли оянда ба зинаи аввали ташкили ҳукумати компютерӣ по гузорем.
XS
SM
MD
LG