Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати боз як сарбози НАТО дар Афғонистон


Субҳи имрӯз дар ҷануби Афғонистон бар асари таркиши бомби худсохт як низомии НАТО ба ҳалокат расид. Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар бораи дар кадом минтақа рӯх додани ин ҳодиса ва дар бораи ҳуввияти низомии кушташуда иттилоъ надодааст.
Аз аввали моҳи феврал дар Афғонистон 7 низомии НАТО ва аз ибтидои сол 38 низомии ин паймон ба ҳалокат расидаанд. Соли гузашта талафоти нерӯҳои байнумилалӣ дар Афғонистон беш аз 700 нафарро ташкил дода буд.
XS
SM
MD
LG