Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии АI аз идомаи шиканҷаи маҳбусон дар Ироқ


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз идомаи шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳои Ироқ изҳори нигаронӣ кард. Дар гузориши ин созмон гуфта шудааст, ки аз соли 2004 ба ин сӯ бар асари шиканҷа дар маҳбасҳои Ироқ даҳҳо маҳбусон ба ҳалокат расидаанд. Аз нигоҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукмҳо дар ин кишвар дар пояи иқрори маҳбусон содир мешаванд ва артишу вазорати умури дохила маҳбасҳои махфиро дар ихтиёр доранд.
Ҳафтаи гузашта созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch ҳам аз мақомоти Ироқ хостори бастани маҳбасҳои махфӣ шуда буд. Бағдод мавҷудияти ин гуна маҳбасҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG