Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 2 гурӯҳи ҷинояткор боздошт шудаанд


Дар шаҳри Балаковои вилояти Саратови Русия ду гурӯҳи ҷиноӣ аз байн бурда шудаанд. Дар ин бора бахши русии радиои Озодӣ хабар додааст. Аъзои фаъол ва раҳбарони гурӯҳ бодошт шудаанд. Онҳо барои куштор ва дуздиву ғорат муттаҳам дониста мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ин гурӯҳҳо дар чаҳорчӯбаи амалиёти вижа аз байн рафтаанд ва ин амалиёт аз моҳи ноябр ба ин сӯ идома дорад. 36 нафар боздошт шудаанд ва ду нафар афроди дорои мақомҳои баланди давлатӣ низ аз ҷумлаи афроди боздоштшуда ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG