Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ аз забон имтиҳон медиҳанд


Кумиссиюни Марказии Интихоботии Қазоқистон гуфтааст, номзадҳои ояндаи мақоми раёсати ҷумҳурӣ барои ширкат дар интихобот аз забони қазоқӣ имтиҳон хоҳанд дод. Ҳайати доваронро ин кумиссиюн таин мекунад ва дар таркиби он як корманди кумиссиюн низ хоҳад буд. Агар номзад ду иштибоҳи имлоӣ ё сабки забонӣ содир кунад, ба интихобот роҳ намеёбад. Интихобот 3-юми апрел пешбинӣ шудааст. Владимир Козлов-раиси ҳизби Алға ё Ба Пеш гуфтааст, вай барои надонистани забон дар интихобо номзадии худро пешбарӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG