Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доку Умаров масъулияти таркиши Домодедоворо бар ӯҳда гирифт


Доку Умаров-раҳбари гурӯҳи шӯришиёни исломии Чечен гуфтааст, дастури инфиҷори интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскавро вай содир кардааст. Дар ин инфиҷор 36 нафар кушта шуданд, ки 3 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Умаров дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки дар оянда чунин ҳамлаҳо анҷом хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз чунин ҳамлаҳо ба даст овардани истиқлоли давлати мусулмонӣ ва ҷорӣ кардани шариат дар ин давлат будааст. Ин давлати мусулмонӣ Чеченистону Доғистон ва ҳаммсояҳои онҳоро дар бар мегирифтааст. Коршиносон гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд сӯҳбати видеоии Доку Умаров 24-ӯми январ дар рӯзи инфиҷори Домодедово наворбардорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG