Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ҳамла ба Сайфуллозодаро сӯиқасд арзёбӣ кард


ҲНИТ ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода-яке аз шахсиятҳои сиёсӣ дар ин ҳизб ва сардабири нашрияи худро сӯиқасд ба ҷони Сайфуллозода аз ҷониби гуруҳи муайян арзёбӣ кардааст. Дар ин бора Муҳаммадалии Ҳаит-муовини раиси ин ҳизб ба матбуот изҳори назар кардааст. Ба нақл аз баъзе шоҳидон то вақти лату кӯби Сайфуллозода афроди ношинос ду рӯз вайро дунболагирӣ кардаанд. Рӯзи душанбе ин афроди ношинос дар наздикии хонааш ба Ҳикматулло Сайфуллозода ҳамла бурдаанд ва вай аз ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Ҳоло оқои Сайфуллозода дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарист ва муолиҷа мегирад. Худи оқои Сайфуллозода маҷоли сӯҳбат надорад ва ҳамлакунандагон то ҳол номаълум боқӣ мондаанд. Мақомоти интизомӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.
XS
SM
MD
LG