Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар додгоҳи Лондон мурофиаи Ассанҷ идома меёбад


Имрӯз дар Лондон мурофиаи додгоҳии Ҷулиан Ассанҷ-муассиси сомонаи WikiLeaks идома меёбад. Вай дирӯз дар додгоҳи Лондон зоҳир шуд, то бар зидди истирдодаш ба Шветсия ба суолҳо посух диҳад. Вайро дар Шветсия барои таҷовузи ҷинсӣ ба ду зан гунҳгор кардаанд. Аммо худи Ассанҷ ин иттиҳомотро рад мекунад. Ҷеофрӣ Робертсон-вакили мудофеи Ассанҷ дар мурофиаи додгоҳ дирӯз гуфт, агар Ассанҷ ба Шветсия истирдод шавад, вай дар он ҷо ба муҳокимаи шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Гузашта аз ин Робертсон гуфт, ки Ассанҷи 39 сола барои ифшои номаҳои маҳрами дипломатҳоли амрикоӣ дар Амрико ба муҷозоти эъдом рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар поёни рӯз баъд аз муҳокимаи рӯзи аввал Ассанҷ ба рӯзноманигорон гуфт, вай умед дорад, ки бепоягии ҳамаи ин иттиҳомот бар зиддаш собит хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG