Пайвандҳои дастрасӣ

Хуршеди Алидод:"Таронаи дили мардумро месурудам"


Хуршеди Алидод ва духтараш Ширинмоҳи Ниҳол

Хуршеди Алидод ва духтараш Ширинмоҳи Ниҳол

Хуршеди Алидод ва духтараш Ширинмоҳи Ниҳол. Ин ду ном ба муаррифӣ ё ситоиш эҳтиёҷ надоранд. Ҳарду ҳунарманд оҳангу таронаҳое ба садо овардаанд, ки солҳостӣҳаёти мардуми тоҷикро рангу тароват мебахшад.

Аммо кам касон медонанд, ки Ширинмоҳ духтари Хуршеди Алидод аст ва Хуршеди Алидод, ҳунарманди маъруфи тоҷик, то расидан ба ин манзалат чӣ сахтиҳо кашидааст.

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст, ки дар соли 1958, замоне, ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда ба Тоҷикистон омад.

Зеро дар зодгоҳаш пас аз издивоҷ бародари ҳамсари ҷавонаш ба ӯ ранҷу азияти зиёд овард. Падараш дар яксолагии Хуршед фавтида буд, модараш дубора ба шавҳар баромад ва Хуршед мегӯяд, модараш низ ӯро хуб парасторӣ намекард, то он ки ӯ бузург шуд ва худро чун ҳунарманд муаррифӣ кард.

Ва маҳз ҳунар сахтиҳое ба сараш овард, зеро бо заҳмат соҳиби пулу мол ва зиндагии беҳтар шуд ва ба дунболи хонадоршавӣ бародархонди занаш барои ин издивоҷ аз ӯ пулу моли зиёд тамаъ кард.

Ва чун падари ҳамсари ҷавонаш розӣ ба пулу мол додани Хуршед ба бародархонди зани ҷавонаш набуд, ӯ дар баробари Хуршед душмани варзид, то он ки ӯро аз ватан беватан кард.

Дар Тоҷикистон аммо дар оғоз ӯро зиндонӣ карданд, аммо баъдан чун ҳунарманд шинохтанд ва эҳтиром қоил шуданд.

«Ситораборон»-и «Озодӣ» ин бор ба меҳмонии Хуршеди Алидод ва духтараш Ширинмоҳ Ниҳолова рафт ва навори видеоии мо достони зиндагӣ ва ҳунари ин падару духтар аст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG