Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди талошҳои мақомоти Миср барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ҳазорон эътирозгарон дар майдони марказии Қоҳира боқӣ мондаанд. Онҳо чун пештара истеъфои фаврии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро талаб доранд. Ҳукумати Миср хисороти иқтисодии ҳаррӯзаро 300 миллион доллар ҳисоб карда, барои гузашт, аз ҷумла, тавассути вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ва аммо ҳамзамон Ҳуснӣ Муборак мехоҳад, ки то интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ дар мақомаш боқӣ бимонад.
Ба иттилоъи расмӣ, дирӯз дар музокироти гурӯҳҳои сиёсӣ бо муовини раисиҷумҳур Умар Сулаймон тасмим гирифта шуд, ки ба хотири омӯзиши пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти Қонуни асосӣ то аввалҳои моҳи март кумитаи вижае иборат аз ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорон таъсис шавад. Ҳизби бонуфузи “Ихвон-ул-муслимин” изҳор намуд, ки дар пешниҳодҳо нияти неки ҳукумат рӯшан аст ва аммо онҳо орӣ аз шароити зарурӣ барои тағйироти ҷиддиянд.
Имрӯз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бори дигар мавқеи кишварашро дар робита ба ҳаводиси Миср баён кард: "Шурӯъи раванди интиқолӣ зарур аст. Муборак аллакай тасмим гирифтааст, ки барои интихоби дубора талош намекунад, мӯҳлати раёсати ӯ имсол поён меёбад. Назари мо ин гуна аст – зарур аст, ки ҳама нерӯҳои сиёсии Миср мавқеъи худро баён кунанд то ки мардуми Миср амалҳои худ дар марҳалаи интиқолиро мушаххас намояд".
Тайи ду ҳафта дар Миср намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои фаврии Ҳуснӣ Муборак идома доранд.
XS
SM
MD
LG