Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонҳои ӯзбак чӯпони тоҷикро маҷрӯҳ карданд


Марзбонҳои ӯзбак дар марзи ноҳияи Зафаробод сӯи як чӯпони тоҷикистонӣ, ки тасодуфан аз сарҳад убур карда буд, оташ кушоданд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, чӯпон Толиб Асроров дар ҷустуҷӯи гов вориди хоки кишвари ҳамсоя шудааст ва марзбонҳои ӯзбак бидуни огаҳӣ сӯи ӯ оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса чӯпон аз пояш захмӣ шудааст ва алҳол дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG