Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қандаҳор худро як наврас мунфаҷир кардааст


Инфиҷор дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистонро, як маргталаби наврас анҷом додааст. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки дар ин таркиш дар канори бинои гумруки шаҳр низомиёни амрикоӣ ва тарҷумони афғон кушта шудаанд. НАТО иттилоъ дар бораи ҳалокати сарбозонаш дар ин таркишро тасдиқ кард ва аммо эълом дошт, ки шумораи қурбониён алҳол маълум нест.
Қандаҳор яке аз такягоҳҳои ҷунбиши “Толибон” маҳсуб мешавад.
Аз ин пеш дар вилояти шарқии Хуст раиси як ноҳия кушта шуд. Полиси маҳаллӣ гуфт, Саийд Муҳаммад аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос дар ҳоле кушта шуд, ки бо мошин рӯи дафтари кор мерафт. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG